РОҶЕЪ БА МУНОСИБАТҲОИ ГУНОГУНЗАМОНӢ ДАР ҶУМЛАҲОИ МУРАККАБИ ТОБЕЪ БО ПАЙРАВИ ЗАМОН ДАР ЗАБОНҲОИ АНГЛИСӢ ВА ТОҶИКӢ
Keywords:
муносибати замонӣ, муносибати гуногунзамонӣ, ҷумла, ҷумлаи мураккаби тобеъ, пайрави замон, феъл, хабарҳо.Abstract
Мусаллам аст, ки муносибатҳои замонӣ яке аз хусусиятҳои муҳимтарини синтаксисии ҷумлаҳо буда, дар муайян намудани алоқаи грамматикӣ, алоқаи мазмунӣ, сохт ва таркиби ҷумлаҳои пайраву сарҷумлаҳо аҳамияти бузург дорад. Муносибатҳои замонӣ чунин муносибатҳое ҳастанд, ки дар сохторҳои ҷумлаҳои гуногун, ки якчанд амалҳо доранд ба мушоҳида мерасанд ва тавассути шаклҳои ҳудудию замонии феъл ва пайвандакҳо ифода ёфта, дорои ду намуд- ҳамзамонӣ ва гуногунзамонӣ мебошанд.
Ҷумлаҳои пайрави замон яке аз воситаҳои асосии ифодаи муносибатҳои замонӣ мебошад. Таҳлили фактологӣ дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ нишон дод, ки муносибати гуногунзамонӣ дар забони англисӣ бо шаклҳои феъл- хабарҳои сарҷумла дар замони Future in the Past ва хабари ҷумлаи пайрав дар шакли аорист, хабари сарҷумла дар замони Future Indefinite, хабари ҷумлаи пайрав дар шакли аорист ва хабари сарҷумла дар замони Past Indefinite ва хабари ҷумлаи пайрав дар шакли аорист ифода меёбанд.
Дар забони тоҷикӣ ифодаи муносибати гуногунзамониро дар шаклҳои феълии хабарҳои сарҷумла ва ҷумлаҳои пайрав дар шакли аорист, хабари сарҷумлаҳо дар замони оянда ва хабари ҷумлаи пайрав дар шакли аорист, хабари сарҷумла дар замони ҳозира-ояндаи сиғаи хабарӣ, хабари ҷумлаи пайрав дар шакли аорист, хабари сарҷумла дар шакли аорист, хабари ҷумлаи пайрав дар замони гузашта ифода карда мешаванд.