МАВҚЕИ НАЗАРИЯВИИ АСОСӢ ТАДҚИҚОТИ ИЛМӢ ВА ШАРҲИ ПАЙДОИШИ ФАРҲАНГИЮ ТАЪРИХИИ ВОҲИДҲОИ ФРАЗЕОЛОГӢ ДАР РӮЗМАРРАИ ИНСОН
Abstract
Дар ин мақола бархе аз фикронии илмии донишмандон, олимони барҷастаи ватанию хориҷӣ оид ба мавқеи воҳидҳои фразеологӣ ва пайдоиши фархангиву таърихии он дар ҳаёти рӯзмарраи инсон дар ин рисолаи илмию-тадқиқотӣ оварда шудааст. Маълум гашт, ки воҳидҳои фразеологӣ қисмати муҳими воҳидҳои фразеологиро зарбулмасалу мақолҳо ташкил медиҳанд, ки аз хулосаҳои пандомези ҳаётӣ иборатанд ва дар ҳаҷми зиёд дар хоса адабиёти бадеӣ истифода бурда шудааст. Дар онҳо ҷаҳонбинӣ, ҳикмат ва заковати халқ ифода шудааст. Боз як хусусияти барҷастаи фразеологияи забони тоҷик ин аст, ки дар он муродифот (синонимика) бисҳёр кор фармуда мешавад. Дар ибораҳои фразеологӣ, аз як тараф, бо ивазшавии як калимабо калимаи дигар муродифоти ибораи фразеологӣ ба вуҷуд оянд, аз тарафи дигар, бисҳёр ибораҳои фразеологӣ аз ҷиҳати шакл ва таркибашон аз ҳамдигар фарқ доранд, онҳо ба ҳамдигар муродиф мебошанд, ки миқдори зиёдеро ташкил медиҳанд. Ҳаматарафа омӯхтани умуман фразеология, агар баъзе кайдҳои ба идиома, ибораҳои маъмули вирди забонгашта (крилатые слова), зарбулмасал ва мақолҳо дар китобҳои бадеӣ, мақолаҳои илмӣ ва дигар фарҳангҳои чопшударо сарфи назар намоем ва онро такмил диҳем.