РОҶЕЪ БА ҚАБАТИ ИҚТИБОСШУДАИ ЛУҒАТИ ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ ВА ХУСУСИЯТҲОИ ЛЕКСИКИВУ ГРАММАТИКИИ ОН

Authors

  • Б.Х Эшонқулов Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Тоҷикистон, Хуҷанд

Abstract

Дар маърӯза таҳти унвони “Роҷеъ ба қабати иқтибосшудаи луғати забонҳои ӯзбекӣ ва тоҷикӣ ва хусусиятҳои лексикиву грамматикии он” сухан дар бораи калимаҳое меравад, ки ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ аз дигар забонҳо калимаҳо ворид шуда, фонди луғавии ин забонҳоро бой кардаанд.

Чуноне ки Д.М. Шмелёв дуруст қайд кардааст, дар таркиби луғавии забон алоқаи як халқ бо дигар халқҳо дар давраҳои гуногуни таърихӣ ифода меёбад. Аз ин сабаб, захираи луғавии забон аз ҳисоби калимаҳои иқтибосшудаи забони ғайр ғанӣ мегардад. Нисфи захираи луғавии забони ӯзбекиро калимаҳои туркӣ ташкил менамояд, қисми боқимондааш бошад аз калимаҳои арабӣ, форсӣ-тоҷикӣ, русӣ ва калимаҳои ба воситаи забони русӣ аз забонҳои Аврупои Ғарбӣ омада ва каме бошад ҳам,  калимаҳои аз забонҳои ҳиндӣ, хитоӣ, муғулӣ ва дигар забонҳои иқтибосшуда иборат аст. Сабаби асосии ин ҳодиса дар он мебошад, ки робитаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии дар давраҳои мухталифи байни халқҳо ҷой доштаанд, ба забони онҳо низ бе таъсир намондаанд. Ғанӣ гардидани таркиби луғавии забон аз ҳисоби калимаҳои  аз забонҳои ғайр иқтибосшуда яке аз ҳодисаҳои ҳалкунандаи инкишофи забон ба ҳисоб меравад

References

Булаховский, Л. А. Введение в языкознание. Часть -2. М. 1953

Чайковская А.И. Тюркская грамматика в арабоязычных филологических трактатах XIII—XIV вв. Глагол. (Ташкент, 1981).

Шерба Л.В. Избранные работы по русскому языку. М.: Учпедгиз, 1957.

Шмелев Д.Н. Современный русский язык. Лексика. М.: Просвещение. 1977.

Миртожиев М., Маҳмудов Н. Тил ва маданият. Тошкент, Ӯзбекистон, 1992.

Муҳаммаджонова Г.У. Ӯзбек тили лексикаси тараққиётининг баъзи масалалари. Тошкент: Фан .

Ӯзбек тили лексикологияси. Тошкент: Фан. 1981.

Downloads

Published

2023-05-30

How to Cite

Эшонқулов , Б. (2023). РОҶЕЪ БА ҚАБАТИ ИҚТИБОСШУДАИ ЛУҒАТИ ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ ВА ХУСУСИЯТҲОИ ЛЕКСИКИВУ ГРАММАТИКИИ ОН. RESEARCH AND EDUCATION, 2(5), 182–185. Retrieved from https://researchedu.org/index.php/re/article/view/3947